Барномаи радиоӣ: Дастгирии иҷтимоӣ ва равонии маҳкумшудагони ноболиғ

Опубликовано Модератор в

13 октябри соли 2025 дар радиои “Ватан” 106.0 FM барнома ба мавзӯи “Дастгирии иҷтимоӣ ва равонии маҳкумшудагони ноболиғ” баргузор гардид.

Дар барнома коршиносон Мусаева Зулфия – карманди иҷтимоӣ ФҶ “Ташаббуси ҳуқуқӣ” ва  Каримиён Кутбиддин равоншинос баромад карданд.

Барномаи радиоии мазкур барои ТҶ “Центр по правам человека” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи лоиҳаи: «Ҳуқуқҳои шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва ислоҳоти низоми ислоҳӣ дар Тоҷикистон», ки бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (Swiss Cooperation Office in Tajikistan) амалӣ карда мешавад, омода карда шудааст.