» » Тасарруфи маблағҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи панҷ

Тасарруфи маблағҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи панҷ

Тасарруфи маблағҳо дар беморхонаи марказии ноҳияи панҷЗардаков Ашраф Шарифович дар беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ ба ҳайси хазинадори шӯъбаи муҳосиба кор карда, дар давраи фаъолияти кориаш аз ҳисоби хизматрасонии пулакӣ дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.01.2014 сол таҳти №20 дар шӯъбаи дил, ҷарроҳӣ ва таваллудхонаи беморхонаи мазкур аз 01-январи соли 2015 то 01 январи соли 2017 аз ҳисоби 107 нафар беморони бистаришудаи шуъбаи зикршуда маблағи 31.065 сомониро ба хазинаи беморхона ба даромад нагирифта, бо роҳи азонихудкунӣ тасарруф намудааст.

Ҳамчунин номбурда дар давоми моҳи январи соли 2014 то моҳи феврали соли 2015 пардохти варақаҳои корношоямиро ҳисоб карда, бо роҳи тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ оиди пардохти варақаҳои корношоямӣ ба номи 11 нафар кормандони беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ дар 12 ҳолат маблағи умумии 9207.96 сомониро ба кормандон пардохт накарда, маблағи мазкурро азонихуд карда, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Зардаков Ашраф Шарифович бо моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва 323 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакии он идома дорад.

Сарчашма: anticorruption.tj
1-05-2017, 11:04
58 просмотров
  
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.
Яндекс.Метрика