» » Оғози лоиҳа: «Муқовимат бо экстремизми зӯроварона дар байни маҳкумшудагон ва хешовандони онҳо»

Оғози лоиҳа: «Муқовимат бо экстремизми зӯроварона дар байни маҳкумшудагон ва хешовандони онҳо»

Оғози лоиҳа: «Муқовимат бо экстремизми зӯроварона дар байни маҳкумшудагон ва хешовандони  онҳо»
Ташкилоти ҷамъиятии "Центр по правам человека" бо дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, аз сентябри соли 2020 лоиҳаи «Муқовимат бо экстремизми зӯроварона дар байни маҳкумшудагон ва хешовандони онҳо» - ро амалӣ намуда истодааст.

Ҳадафи умумии барнома баланд бардоштани самаранокии пешгирии муқовимат бо экстремизм дар байни аҳолии муассисаҳои ислоҳӣ дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мебошад.

Ҳангоми татбиқи лоиҳа вазифаҳои зерин пешбинӣ шудаанд:

- Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии кормандони муассисаҳои ислоҳӣ барои гузаронидани корҳои тарбиявӣ ва иттилоотӣ дар байни аҳолии муассисаҳои ислоҳӣ оид ба мубориза бо терроризм ва экстремизм ва кӯмаки равонии маҳкумшудагон, ки иборат аз омӯзиши кормандони муассисахои ислохӣ, дар мавзӯъи мубориза бо терроризм ва экстремизм, расонидани кӯмаки равонӣ ба маҳкумшудагон, мебошад.

- Гузаронидани корҳои тарбиявӣ ва дастгирии машваратӣ ба хешовандони маҳкумшудагон, инчунин таҳияи маводи иттилоотӣ барои маҳкумшудагон ва хешовандони онҳо дар бораи ҳуқуқҳо ва кафолатҳои онҳо.

Барномаи мазкур дар доираи Стратегияи миллии Чумҳурии Точикистон оид ба муковимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016 - 2020, амалӣ карда мешавад, ки дар он яке аз вазифаҳо пешгирии паҳншавии ақидаҳои экстремистӣ ва тундгароӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ пешбинӣ карда шудааст. Барнома дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, шумо метавонед муроҷиат намоед:

Ба Ташкилоти ҷамъиятии "Центр по правам человека" Тоҷикистон, 734024,

ш. Душанбе, к. Валоматзода 8/1 "а"

Телефон: (+992) 37 2275187

Почтаи электронӣ: hrc.tajikistan@gmail.com
29-10-2020, 13:44
135 просмотров
  
Уважаемый посетитель, Вы зашли на сайт как незарегистрированный пользователь. Мы рекомендуем Вам зарегистрироваться либо зайти на сайт под своим именем.
Яндекс.Метрика